Кормандони факултети НТҶ аз хобгоҳи №6-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дидан намуданд
Санаи 8-уми феврали соли 2019 аз ҷониби кормандони факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ дар хобгоҳи №6, аз шароити зисти донишҷуёни факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ дидан намуда бо донишҷӯён мулоқот гузаронида шуд. Дар рафти мулоқот фаҳмондадиҳиҳо оиди қоидаҳои зист дар хобгоҳ ва риояи қатъии тартиботи дохилии хобгоҳӣ сӯҳбат гузаронида шуд. Қобили тазаккур аст, ки ҳангоми дидан кардан, ҳамаи донишҷӯён дар утоқҳои худашон ҳузур доштанд ва машҳули дарстайёркунӣ буданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки утоқҳои ҳобгоҳҳо бо ҳамаи таҷҳизотҳои барои зисту таҳсили донишҷӯён аз ҷониби раёсати донишгоҳ таъмин карда шудаанд. Инчунин, ҳамаи утоқҳои зисти донишҷӯён, толори хониш, китобхонаю, ошхона, ташнобгоҳҳо, долонҳо тозаю озода буданд.
Деканати факултаи НТҶ