Кори неку иқдоми нек
Кафедраи забони русӣ ба иттилои Шумо мерасонад, ки дар таърихи 19- 21 уми декабри соли 2018 дар арафаи Соли нав донишҷӯёни курси якуми гуруҳҳои 1,2, 3-и факултети стоматологӣ ва 4 ва 6 гурӯҳҳои педиатрӣ иқдоми некро пеша карда, бо тӯҳфаҳое, ки ба маблағи ҷамъовардаи донишҷӯён ва кураторони гурӯҳҳо (Хайрова Ҳ.И., Шарипова З.И., Холматова М.А., Ҳалимова Х.А., Алиева Н.Ш. харида шуда буданд, ба дидани кӯдакони бепарастор ба хонаи кӯдакони №2 , ки дар ноҳияи Сино ҷойгир аст рафтанд.
Донишҷӯён бо кӯдакон шинос шуда, аз онҳо ҳолпурсӣ карданд. Сардори гурӯҳи 3-юми факултети стоматологӣ Шукуров Фирдавс нақши Бобои барфиро иҷро намуд. Донишҷӯён гурӯҳ ба гурӯҳ гашта, бо қӯдакон бозиҳои шавқовар ташкил намуданд, ҳамроҳи онҳо рақсу бозӣ карда, суруд хонданд, қудакон шеър қӣроат намуданд. Бобои барфӣ ба кӯдакон тӯҳфаҳо тақдим намуд.
Дар хонаи кӯдакони №2 тарбиягирандагон бо ҳама чиз таъмин карда шудаанд. Барои ҳаматарафа инкишоф ёфтани онҳо мураббиён заҳмати зиёд ба харҷ медиҳанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакони бепарастор падарона ғамхор аст. Бо иқдоми он кас донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамасола дар арафаи иду тантанаҳо аз қӯдакони бепарастор дидан мекунанд.
Хулоса барои ин кудакон ҳамаи шарту шароитҳо муҳаёст, лекин ба онҳо фақат меҳру муҳаббати падару-модар намерасад.
Донишҷӯёни курси якум гурӯҳи 4-уми факултети стоматологӣ бо роҳбарии куратори гурӯҳ муаллимаи калони кафедраи забон русӣ Ҳотамова С.А. бо маслиҳати корманди иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саима Муҳаббатова аз 8 оилаи ноҳияи Шоҳмансур ва Фирдавсӣ, ки дар онҳо 2-3 нафар фарзандони маъюб ҳастанд, дидан карданд. Донишҷӯён либоси Бобои барфӣ (Абдуллоев Лоиқ, Худойназарзода Соҳибназар) ва Барфакро (Гулова Фархунда) ба бар намуда, тӯҳфаҳои солинавиеро, ки ба маблағи ҷамъкардаи худ харид карданд ба қудакони маъюб расонида. онҳоро бо фарорасии Соли нав табрик намуданд, бо кӯдакон шеъру суруд хонданд, ҳолпурсӣ карданд. Дар ин кори хайр донишҷӯёнро кормандони иҷтимоии ноҳияи Шоҳмансур Давлатова Шоира ва Исмоилова Дилафруз; ноҳияи Фирдавсӣ МАнижаи Саидҳомид, Файзуллоева Сафармоҳ, Носирова Комила ва Исматова Гулчин ҳамроҳӣ карданд.
Донишҷӯён аз ин чорабинӣ таъсироти зиёд бардошта, тасмим гирифтанд, ки дар оянда низ аз ин оилаҳо хабар гирифта меистанд.
У.Р. Юлдошев, мудири кафедраи забони русӣ, д.и.п., профессор
Х.И. Хайрова, С.А. Ҳотамова устодони калони кафедра