Корҳои тарғиботӣ дар мактабҳо
Бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ дар ҳамҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон бо мақсади додани маълумоти бештар нисбати «Коронавирус» ва вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе санаи 3- юми апрели соли 2020, 80-нафар волонтёрон-донишҷӯёни курсҳои болоии донишгоҳ зери роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонон сӯҳбат-вохӯри дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус, риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣ” бо омӯзгорону мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, аз ҷумла 20 муассисаи таълими бо фарогирии 8000 хонандагони мактаб баргузор намуданд.
Бояд зикр намуд, ки роҳбарият ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳо миннатдории худро ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва волонтёрони ихтиёрии он баён намуда қайд намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин сӯҳбат-вохӯрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе баҳри маълумоти бештар додан нисбати «Коронавирус» ва роҳҳои пешгирии гирифтор шудан ба он мусоидат намуда, то андозае нигарони ва ба таҳлука афтидани мардумро нисбат ба «Коронавирус» паст менамояд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон
06.04.2020
987