Конститутсия – шаҳодатномаи миллат

Конститутсия – шаҳодатномаи миллат

Ҳамасола мардуми шарафманди тоҷик санаи хотирмони рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама гуна муассисаҳоию корхонаҳо ботантана ҷашн мегиранд. Дар ин самт дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ» як қатор чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ баргузор карда мешаванд. Ба ин хотир санаи 28-уми октябр гурӯҳи кории иборат аз мутахассиси Шуъбаи тарбия – Мирзои Саид, муовини декан оид ба тарбияи факултети тиббӣ дар курсҳои 2 – Арабзода Сарвиноз ва муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда – Иргашева Ҷамила Закировна дар хобгоҳи №5-и донишгоҳ сӯҳбат оид ба Конститутсия доир намуданд.

Сараввал мутахассиси Шуъбаи тарбия оид ба таърихи Конститутсия ва роҳҳои қабул намудани он суханронӣ кард. Қайд гардид, ки аввалин Конститутсия дар ҷаҳон ин Конститутсияи ИМА буда, он соли 1787 қабул карда шуда буд ва баъдтар Фаронса низ (соли 1791) Конститутсияи худро қабул намуд. Аммо аз маъхазҳои таърихӣ ва нақлу ривоятҳо бармеояд, ки аавалин Конститутсия ин «Эъломия»-и Куруши Кабир мебошад.

Конститутсия истилоҳи лотини- «constitution» буда маънои муқаррарот ё тасдиқкуниро дорад. Аммо имрӯз мо конститутсияро на ба ин маъно, балки ҳамчун қонуни давлат медонем.

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ маротиба Конститутсия қабул карда шудааст(4 маротиба аз ҷониби Шӯрои Олӣ ва як маротиба аз ҷониби халқ). Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон – 28 уми апрели соли 1929, конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон; 24-уми феврали соли 1931, 1-уми марти соли 1937 ва 14-уми апрели соли 1978. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 уми нояюри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст ва он аз 10 боб ва сад мода иборат мебошад.        

Дар охир оид ба бобу моддаҳои Конститутсия миёни донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид. Дар рафти саволу ҷавоб донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ Амирбеков Ҳотамҷон, Шукурова Шукрона, Додарҷонов Ҷаҳонгир ва Фатҳиддинзода Исомиддин фаъолона иштирок намуданд.

Шуъбаи тарбия


02.11.2020 505

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php