Конститутсия – қонуни асосии давлат
Конститутсия санади асосӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти ҳар давлату кишвар ва ҷомеаи мутамаддину мамолики мутараққӣ ба ҳисоб меравад. Ва дигар ҳама санадҳо дар асос ва доираи раводиди он таҳияву қабул карда мешаванд. Зеро санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба Конститутсия мувофиқ нест ё ба он хилофат мекунад қувва ва ё эътибори ҳуқуқӣ надорад.
Бо назардошти таклифу дархости мардум ва фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандон, пеш аз ҳама дастуру тавсияҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави Конститутсияи кишвар 6 ноябри соли 1994 барои қабул ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ва ин санади тақдирсозу ҳаётан муҳим бори аввал дар ҳаёти мардуми тоҷик бо тариқи демократӣ, яъне бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар ин рӯз аз тарафи мардум қабул гардид. Ҳар сол 6 ноябр ҳамчун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Мувофиқи нақшаи корҳои таълимӣ - тарбиявии Кафедраи психиатрия ва наркология санаи 3 ноябри соли 2018 бо донишҷӯёни курси 5 факултаи тиббӣ, гуруҳҳои 64-67 соати итилоотӣ - тарбиявӣ аз тарафи ассистентони кафедра Маҳмадназаров Ш. С. ва Ғуломов Ш. М. дар мавзӯи “Конститутсия – қонуни асосии давлат” ва “НБО Роғун –сохтмони аср” гузаронида шуд.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст, ки ин пеш аз ҳамма ишора ба он меёрҳои Контистутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштанд.
Ба хусус қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ тариқи раъйпурсии умумихалкӣ, дар он ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзишҳои олӣ этироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ этироф гардидани халқ, принсипҳои гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият, рӯ овардан ба иқтисоди бозаргонӣ ва ғайра меъёрҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир барои аз тарафи мамолики мутараққию ҷомеаи мутамаддин, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ этироф гардидани Тоҷикистон, барқарор кардани равобити сиёсию иқтисодӣ бо онҳо нақши муҳим бозид.
Аз ин рӯ, ин санад барои мардуми мо –санади тақдирсоз аст. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад.
Рушди устувору пайдарпайи ҷомеа, хусусан ҷомеае, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, талаб мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Мукамалгардонии ҳам Конститутсия ва ҳам қонунгузорӣ барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шуданд. Ин санади муқаддас ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он фаъолона ширкат варзид ва таклифу дархостҳои муфид низ пешниҳод намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 боб ва 100 моддаро дарбар гирифта, дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро то хурдтарин ҷузъиёташ ифода менамояд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.
Зимни ин вохӯрӣ инчунин қайд гардид, ки яке аз чорабиниҳои муҳим дар ин моҳ ин санаи 16-ум ба истифода додани агрегати аввали неругоҳи обии Роғун мебошад. НБО Роғун нуҳумин неругоҳи обӣ дар дарёи Вахш мебошад ва корҳои сохтмонии он ҳанӯз соли 1976 оғоз шуда буд. Бинобар ташабус ва дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин неругоҳ оғози нав гирифт.
Кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи проф. М.Ғ.Ғуломов