Конститутсия-бахтномаи миллат
Имсол ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни олии мамлакат буда, нисбат ба дигар қонунҳо бартарии хеле зиёд дорад. Бояд зикр кард, ки дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ба ин муқаддасоти миллӣ арҷгузори намуда, дар таърихи рӯзи 5-уми ноябри соли 2020 дар кафедраи забони тоҷикии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» конференсияи илмӣ-фарҳангӣ дар мавзӯи «Конститутсия-бахтномаи миллат» баргузор гардид. Дар ин чорабини донишҷӯёни курси якуми факултетҳои фарматсевтӣ, стоматологӣ, тиббӣ-профилактикӣ ва тиббӣ фаъолона иштирок намудаанд. Аз баромадҳои пурмуҳтавои донишҷӯён маълум гардид, ки меҳру муҳаббати бепоёни онҳо нисбат ба Ватану муқаддасоти миллӣ хеле зиёд аст. Аз суханрониҳои донишҷӯён маълум гардид, ки ҳисси баланди ватандориву инсондӯстӣ ва масъулиятшиносии воло дар онҳо падид омадааст. Донишҷӯён дар оѓози маҳфил пеш аз ҳама Суруди миллиро бо як ҳиссиёти баланд суруданд. Донишҷӯи курси якуми факултети фарматсевтӣ гурӯҳи 4, Сулаймонова Меҳриниссо ва донишҷӯи курси якуми факултети НТҶ Исломзода Сорбон, ки ровигии маҳфилро ба зимма доштанд, аҳли нишастро ба рӯзи Конститутсия муборакбод намуданд. Баъдан донишҷӯи курси якуми факултети фарматсевтӣ, гурӯҳи 4, Исоева Нигора дар мавзӯи «Конститутсия-шиносномаи миллат» маърӯза намуда, ҳамчунин Абдуллоев Толибҷон донишҷӯи курси якуми факултети фарматсевтӣ, гурӯҳи 4 дар мавзӯи «Истиқлолият ва дастовардҳои он» баромад намуд. Инчунин донишҷӯи курси якуми факултети тиббӣ, гурӯҳи 21 Бобоев Азимҷон ниҳоят ҷаззоб ва дилписанд дар мавзӯи «Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон-ҳомии сулҳу ваҳдат» маърӯза намуд. Дар ин чорабини саҳми донишҷӯёни курси якуми факултети фарматсевтӣ хеле назаррас буд. Донишҷӯи курси якуми факултети фарматсевтӣ Аминов Фирӯз бо эҳсосоти равон сурудеро дар васфи Ватан дар сатҳи баланд бо овози зинда васф намуд. Аъзоёни маҳфили адабии «Авҷи Зуҳал» дар ин чорабинӣ низ фаъолона ширкат варзиданд. Донишҷӯи курси якуми факултети стоматологӣ Қудратова Шаҳзода аз эҷодиёти худ «Таронаи Ватан»-ро қироат намуд. Ҳамчунин Сулаймонова Меҳриниссо лавҳаеро бо номи «Садоқат ба Ватан» бо як меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан шоирона баён кард. Дар интиҳои маҳфил донишҷӯён дар васфи Ватан арҷгузорӣ намудан, пос доштани муқаддасоти давлатӣ, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва масъуляти ватандорӣ шеърҳо қироат намуданд.Ҳамчунин навори ҷолибу диданӣ (презентатсия) ба намоиш гузошта шуд. Дар ин чорабинӣ саркуратори кафедраи забони тоҷикӣ Шодиматова М.К., Саидова Б.М. ва Суфиева Г.А. бо суханҳои дилнишин ва орзуву таманниёти отифона конференсияро ҷамъбаст намуда, ҷавононро ба сӯи сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ ва ободкориҳо даъват намуданд.
Роҳбари маҳфили «Авҷи Зуҳал» Суфиева Г.А.