Конститутсия - бахтномаи миллат
Санаи 5-уми ноябри соли 2018 ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи забони тоҷикии Донишгохи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки устодону донишҷӯён конфренсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гашт.Сараввал муаллими калони кафедра Зуҳуров Н. Б роҷеъ ба «Нақши Конститутсия дар сарнавишти кишвару миллати мо» суханронӣ намуд. Масъули бахши тарбияи кафедра Саидова Б. М. низ роҷеъ ба моҳияти Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон андешаҳои ҷолибе изҳор намуд.Сипас Ҷавҳарова Мавҷуда –донишҷӯйи курси 1, гуруҳи 1-уми факултаи педиатрӣ дар мавзӯи «Конститутсия-бахтномаи Миллат » иттилооти ҷолиберо ба самъи ҳозирон расонид.
Раҳимзода Ёрмуҳаммад- донишҷӯйи курси 1, гурӯҳи 2-юми факултаи нигохдории тандурустии ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Аз таърихи Конститутсия » маърӯза намуд.
Инчунин чанд нафар донишҷуён, аз ҷумла Солеҳзода Шаҳзода –курси 1, гурӯҳи 2-НТҶ, Ҳасанзода Бузургмеҳр гурӯҳи 1, факултети педиатрӣ, Исмоилова Санавбар- гурӯҳи 1, факултети педиатрӣ оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ҳаёти ҳар як шаҳрванд фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Маърӯзачиён изҳор намуданд, ки хушбахтона, имрӯз Конститутсияи кишвари мо аз рӯи мазмуну мундариҷа дар қатори 10 Қонуни асосии беҳтарини кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ваба туфайли он мардум аз ҳуқуқҳои хеш баҳраманд ва аз масъулиятҳои шаҳрвандии худ огаҳи пайдо мекунанд.
Кафедраи забони тоҷикӣ