Конфронси илмӣ - назаривӣ

Конфронси илмӣ - назаривӣ

         Санаи 02.11.2018 дар кафедра ба истиқболи 24- умин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- назариявии омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллии тоҷикон” доир гардид. Кори конфронс бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра, профессор А.С.Саидов ҳусни оғоз ёфта, дар атрофи нақши ин шаҳодатномаи миллат дар ҳифзи истиқлолият маълумоти муфассал дода шуд. Дар кори конфронс мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1.     Конститутсияи Тоҷикистон – раҳнамои ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ – н.и.т., дотсент Абдураҳмонов З.В.

2.     Конститутсияи ҶТ ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ – муаллим Ҳамроқулова Ҷ. Б.

3.     Шаклҳои ҳуқуқиву конститутсионии ВМКБ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муаллим Саидализода Ш.Ф.

Аз намондагии раёсат дар конфронс, сардори шуъбаи тарбия ва фарҳанг Файзов Э иштирок намуда ба кори конфронси омӯзгорону донишҷӯён баҳои баланд доданд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


06.11.2018 490

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php