Конфронси илмӣ дар мавзӯи бунёди НБО Роғун
Асосгузори сулӽу Ваӽдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон мӯӽтарам Эмомалӣ Раӽмон энергетикаро яке аз соӽаӽои муӽимтарини пешбурди иктисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар маънидод намуда, гуфтааст: «Таӽкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ӽар давлат рушди соӽаи энергетика мебошад». Имрӯзӽо ӽамаи мо дар як ӽолати ниӽоят пурӽаяҷон қарор дорем, зеро баъд аз 1-рӯз чархаи авали НБО-и Роғун яъне бузургтарин иншооти аср ба кор дароварда мешавад. Инак 16-уми ноябри соли 2018 ҷахониён шоӽиди ӽодисаи таърихии барои тоҷикон муӽимму такқдирсоз ба истифода додани агрегати аввалини НБО-и Роғун хоӽанд шуд. Хар як фарди тоҷик ӽеҷ гоӽ фаромӯш намекунанд, ки фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулӽу ваӽтади миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумӽурии Тоҷикистон мӯӽтарам Эмомалӣ Раӽмон эӽёгари ин сохтмони бузурги аср маӽсуб меёбанд. Табиист, ки дар доираи як матлаб пурра баён намудани моӽият ва рисолати ин иншооти бузурги аср аз имкон беру аст. Хулоса меъмори ин Кохи бегазанди нур Пешвои миллат мӯӽтарам Эмомали Раӽмон мебошанд, ки шоистаи ӽама гуна арҷгузориянд. 15-уми ноябр конфронси илмӣ дар кафедраи бемориӽои ҷарроӽии №1-и ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино бо донишҷӯён ва кормандони табибони М.Д. МЁТТ ш. Душанбе оиди маросими кушодашавии нахустчархаи (агрегати) НБО Роғун ва рӯзи Президент гузаронида шуд.
Дар конфронси илмӣ зиёда аз 200-нафар дар якҷоягӣ муовини сардухтур оиди табобат Сайдалиев Ҷ.М. кормандони кафедраҳои беморхона, мудири кафедраи бемориӽои ҷарроҳии №1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Назаров Ш.Қ. ва мудири кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тиб н.и.т., дотсент Расулов Н.А., мудири кафедраи Эхёгарӣ ва реаниматологии ДТБКСТ ҶТ н.и.т. Қосимов З.К. мудири кафедраи урология ДТБКСТ ҶТ н.и.т. Сайдуллоев Л., ҳамчунин кормандони шуъбаҳои эҳёи беморхона, урология, ҷарроҳӣ, донишҷӯёну интернаҳову ординаторон иштирок доштанд.
Мудири кафедраи профессор бемориӽои ҷарроҳии №1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Назаров Ш.Қ. сухани ифтитоҳӣ намуда, аз қудрату тавоноӣ ва ҳашамати нерӯгоҳи барқи обӣ тазаккур дод ва таърихи сохтмони мӯҳташамро ёдовар шуд.
Мудирони кафедраҳо низ аҳли нишастро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуданд.
Сипас, ассистенти кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, н.и.т., Ҷонов Беӽзод Нарзуллоевич презентасияи омодасохтаи хешро бахшида ба ин санади таърихӣ пешкаши аҳли нишаст кард.
Ҳамчунин, намояндаи кафедраи ҷарроҳии ДТБКСТ ҶТ, ассистент Раҳимова С.У. дар мавзӯи “Роғун-иншооти бузурги аср” баромад кард. Дар охир мудири кафедраи бемориӽои ҷарроҳии №1-и ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино профессор Назаров Ш.Қ. ба тамоми иштирокчиён барои ташкили конфронс сипосгузорӣ намуд.
Мудири кафедраи бемориӽои ҷарроӽии №1 д.и.т. профессор Назаров Ш.Қ.