Конференсия бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия бахшида  ба  рӯзи   Парчами    давлатии Ҷумҳурии   Тоҷикистон

   Конференсия бахшида ба рӯзи   Парчами    Давлатии Ҷумҳурии   Тоҷикистон дар    кафедраи ҷарроҳии умумии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни бахши 6–уми факултети тиббӣ, бахши 4-и НТҶ ва бахши 3-и факултети педиатрӣ дар таърихи 24.11.18 баргузор гардид.

    Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

   Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст, ҳамакнун вазъи хуқуқи тартиби омодасози андоза ва корбурди расми парчамро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №254 аз 12 майи соли 2007 «дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукарар мекунад.

  Бар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.                                                                       

    Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон матои роскунчаест ки дар руйи он се рахи ранга ибо таври уфуқи чой гирифта кашида шудааст рахи боло ранги сурх дошта паҳнои он ба рахи сабзи поен баробар мебошад. Рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст дар руйи рахи сафед аз чойи чубдаста дар мобайни Парчам бо заршал рамзи точи тасниқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии Парчам 1:2 аст.

   Тоҷ ва ситораҳои Парчам дар шакли роскунҷае чой дода шудааст, ки пахлуи амудиаш 0,8 ва пахлуӣ уфукиаш 1.0 аз пахнои рахи сафед аст. Ситораҳои панчгуша дар доираи кутраш 0.15 акс ефта дар нимдоираи радиусаш 0.5 пахноӣ рахи сафед чой мегирад.

    Тоҷи баландиаш 0.55 аз паҳнои рахи сафед , бо асос ба таври нимдоираи радиусаш 1.2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл ки болои тоҷро ташкил медиханд дар марказ бо қисмати доираи кутраш 0.2 аз рахи сафед васл мегардад.

Маънии рангҳо

   Рангҳои миллии точикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.

  Дар ҷомеахои ориёӣ (хиндуэрони) табақахои сегонаи асли бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешуданд. Даз забони ҳиндии бостон варна-(аз решаи Var –«пушидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маьноӣ табакаи ичтимоӣ будаст. Дар забонӣ Эрони бостон низ PISTRA- ҳам мафхуми ранг дошта ҳам маънои табақаи иҷтимоӣ.

   Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ –тоҷикӣ аз хамин вожа аст.

   Дар он рузгор ранги сафед вижаи руҳониен , сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон ) будааст . Ду ранг аз он се ранг ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд сурху сафед . амо ранги севум ба чойи кабуд сабз гаштааст ва итифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.

   Ҷанговарони ё артишдорон (Авестои) ҷомае мепушиданд, ки сурх ва арғувони дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онхо Вой буд.

   Вострюшон (Авестоӣ) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро ба дон ном мехонданд ҷомаи нилӣ ё кабуд мепушидан ва мазхарии осмони онхо сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоч дошт.

   Дар адабиёти паҳлавӣ Пурмузд (Авесто) чомаи сафеди рухониён , Вой (Авесто) бо маънои фазо – зиди чанг )ҷомаи арғумонии артишторон ва сипеҳр ҷомаи миллии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муарифи минуи яке аз табақахои сегонаи ҷомеа ҳастанд.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон Эмомалӣ Рахмон дар Паёми телевизиони худ бо муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро « ифодагарии роҳи таърихиӣ   халки Точикистон ва байёнгари арзишҳои фарҳангии милли ва сиёси донист» ва гуфт:

  Ранги сурх рамзи муборизаву ҷонисории халк барои озоди ва истиқлол . ранги сафед- нишони бахту саодат , умеду орзу ва ранги сабз – нишони сарсабзиву шукуфои , сарбаландиву хурами ва абадият мебошад.

   Дар байни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар чой гирфтааст ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдори Тоҷикистони Сохибистиқлол мебошад.

   «Парчам» вожаи суғди аст ба маънои зулфу кокул ва ҳамчунин пупаки абрешими , муй ё думи гажговро мегуфтан ки бар сари дирафш ё найза мебастанд . ИН вожа аз забони Суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта бо гузашти замон бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл , бар худи дирафш низ гуфта шуд .

    Куҳантарин ишора дар ҷомеаи дар Авесто омадааст дар фаргарди Видевдод бар шаҳри Бахл, ки пойтахти Кави Виштосп – пуштибони зардушт буд чунин ёд шудааст .

    «Балхи зебо бо дирфшҳои барафрошта» ҳамчунин дар Авесто чанд бор хам аз дирафши говпайкар ва дирафшҳои душманои ориёиҳо ёд шудааст.

Бархе аз пажоҳишгарон бар ин боваранд ки дирафшҳои ёд шуда дар Авесто монанд ба Дирафши Ковиёни буданд ки басе дертар падид омадаст.

Дирафши Ковиёнӣ

   Куҳантарин намоди кишвардори тоҷикон парчаме бо номи « Дирафши Ковиёни» будааст , ки онро « Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд.


                                                Кафедраи ҷарроҳии умумии №2



26.11.2018 951

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php