Китоби Душанбе
19 октябри соли ҷорӣ бо сарварии саркуратор Истамова З.Ҳ. ва кураторони кафедраи физиологияи нормалӣ бо гуруҳҳои кураторӣ 8,26,27,29,31,33,34, дар намоишгоҳи ҳаштуми «Китоби Душанбе», ки дар бинои «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ»-и ба номи М.Миршакар баргузор гардид, иштирок намуда бо як қатор таасуроти рангину маънавӣ баргаштанд. Дар намоишгоҳ давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Туркия, Фаронса, Белоруссия ва Тоҷикистон китобҳои тозанашрии адибону олимони худро муаррифӣ намуданд.
Истамова З.Х., саркуратори кафедраи физиологияи нормалӣ