Хуни ишқи туст дар шарёни ман!
Тантанаи таҷлили ҷашни Сарқонун, чун бахтномаи миллат ва омодагӣ ба кушодашавии якумин нерӯгоҳи НОБ-и Роғун, ки 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, дар кишвар бо шукуҳу шаҳомат идома дорад. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Ин нукта ҳангоми чорабинӣ дар хобгоҳи №5-уми донишгоҳ бо донишҷӯёни квотаи Президентӣ матраҳ гардид.
Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна – раиси шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ ба ҳангоми баромад дар мавзӯи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Сарқонун асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Турсунова Зуҳра Гурезовна- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия низ моҳият ва аҳамияти Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, ҳамзамон роҷеъ ба мавзӯи Роѓун чун манбаи нури кишвар ва хонадони ҳар як шаҳрванд низ изҳори назар намуд.
Иргашева Ҷамила Зокировна- муовини декан оид ба квотаи Президентӣ низ дар мавриди маъалаи матраҳшуда ақидаронӣ намуд.
Донишҷуён- иштироккунандагони чорабинии мазкур низ бо қироати шеър дар васфи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти кушодашавии неругоҳи якуми НОБ-и Роғун нуктаи назари хешро оид ба моҳияти ин масъалаҳо иброз намуданд.
Чорабинӣ дар фазои миллӣ ва руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ гузаронида шуд.
Муовини декан оид ба квотаи Президентӣ
Шуъбаи иттилоот ва нашрия