“Хислатҳои номатлуб ва пешгирии онҳо дар байни ҷавонону наврасон”

“Хислатҳои номатлуб ва пешгирии онҳо дар байни ҷавонону наврасон”
Мувофиқи нақшаи корӣ 19-уми сенябри соли 2019, соати 11:30 дар толори мактаби миёнаи умумии №19 машғулияти навбатии маҳфили “Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тиб” дар мавзўи “Хислатҳои номатлуб ва пешгирии онҳо дар байни ҷавонону наврасон” баргузор карда шуд.
Дар машғулият Дирекори мактаби миёнаи умумии №19 Саидова Б. Р.,муаллими кафедраи Тибби оилавии №2 Ҷураев Ш.Б., намоянда аз шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва талабаҳои ин мактаб ширкат варзиданд.
Мавзўи машғулияти навбатӣ аз ҷониби донишҷўёни курси 6-уми факултети тиббӣ Олимов Фирдавс ва Сайдуллоев Навруз бо таври интерактивӣ пешниҳод гардид, ки он аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд.
Дирекори мактаби миёнаи умумии №19 Саидова Б. Р. арзу сипоси бепоёни хешро ба Раёсати донишгоҳ ва Шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба гузаронидани чунин маҳфилҳо дар байни толибилмон ва ҷавонон изҳор намуданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон

“Хислатҳои номатлуб ва пешгирии онҳо дар байни ҷавонону наврасон”
“Хислатҳои номатлуб ва пешгирии онҳо дар байни ҷавонону наврасон”
11.10.2019 751

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php