«Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино»
<h5 class='text-justify p'>Бояд қайд намуд, ки дар санаи 26-уми ноябр соати 14:00 ҷаъмомади кушодашавии филиали «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино» гузаронида шуд, ки дар он Муовини озоди раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон – Раҳимзода Умед, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - Мирзозода Иброҳим, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-Иброҳимзода Амир, мудирони Шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва зиёда аз 160 нафар омӯзгорони ҷавону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.</h5>
<h5 class='text-justify p'>Қобили зикр аст, ки дар маҷлиси мазкур Мақомоти роҳбарикунандаи маҷлис, рӯзномаи маҷлис ва раиси намояндагии «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино» бо роҳи овоздиҳии кушода ба роҳ монда шуда, Раиси намояндагии «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» дар донишгоҳ мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О. интихоб гардиданд.</h5>
<h5 class='text-right font-bold'>Мудири
Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.</h5>
03.12.2019
740