Истиқлолият неъмати бебаҳост
Дар толори лексионии ба номи Б.Исҳоқии маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш» бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ ва бо мақсади тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастиву миллатдӯстӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 29- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатию сиёсӣ таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии он» доир карда шуд. Дар чорабинӣ ба тариқи презентатсия дар атрофи мушкилоти ба даст овардани истиқлолияти давлатии тоҷикон баъди суқути давлатдории Сомониён, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат, роҳҳои расидан ба Ваҳдати миллӣ сӯҳбат гузаронида шуда, ба масъалаҳои муташанниҷ шудани авзои сиёсии ҷаҳони муосир, ба хусус вазъи сиёсии давлати дӯсту бародари тоҷикон Ҷумҳурии Белорус, ҷудоиандозиву даҳшатафкании террористон, манфиатҷӯиву хиёнат табодули назар карда шуд.
Ҳамзамон аз пешгириву андешидани чораҳо нисбат ба паҳншавии бемории сироятии COVID -19 низ сухан рафт. Дар охири чорабинӣ видеоролики «Пешвои миллат» манзури донишҷӯён гардид, ки бозгӯи саҳми беандозаи Пешвои муаззами миллат дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон аст.
Шуъбаи тарбия