Истиқлолият - бақои давлати тоҷик

Ба дил қувват бубахшад, ҳар нафас нерӯи истиқлол.

Кашад қад сӯи фардо, қомати дилҷӯйи истиқлол.

Ҳазорон хирмани зар пеши истиқлол чизе нест.

Ҳазорон ташнаро сероб созад, ҷӯйи истиқлол.

Худоро, шукр мегӯям, ки ман соҳибватан ҳастам.

Надорам серие, то зиндаам аз рӯйи истиқлол!

 

Басо мешавад, ки мепурсанд: Истиқлолият чист, онро чӣ гуна бояд фаҳмид? Ба назари ман, истиқлолият соҳиби комилҳуқуқи обу замин, тамоми сарватҳо ва давлати худ будан аст. Истиқлолият озодии шахс бо тамоми маъноҳояш дар меҳани худ аст. Истиқлол равнақ бахшидани арзишҳои миллӣ дар сарзамин ва дорои нишонаҳои хоси давлати хеш будан байни мамолики ҷаҳон аст. Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз Давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфуз мебошаду аксар кишварҳои ҷаҳон онро эътироф намудаву робитаҳои ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратӣ доранд. Истиқлолият- ҷашни озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққии ҷомеа, ҷашни шукуфоии кишвари азизи мост! Он барои мо барои мо озодӣ, шукуфоӣ, падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оѓози бунёдкориҳои тоза, нусратҳои ҷадид овард. Ҳар фарди ҷомеа, хоҳ сарвар бошаду хоҳ посбони пеши дар бояд амиқ дарк намояд, ки ҳосили заҳмат, кору пайкори ӯ сипари озодиву ояндаи неки Ватан ва рӯзгори хуши фарзандон мешавад. Ва хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро дарк намояд. Аллома Иқбол низ саодати миллатро дар такопӯ ва худфарсоӣ баҳри озодӣ шукуфоии зодбум мебинад.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш бо дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ҳамин маъниро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ дар бахши «Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби Истиқлолият» хеле нишонрас, возеҳ ва равшан ифода кардааст. «Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст».

Соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомад. Гумроҳию нодонии мардум ва ҳирсу ҷаҳолатпарасти баъзе хоҷагони беруна ба сари мо ҷанги хонмонсӯзро бор намуданд, тоҷик бо ҷангу хунрезӣ, шикасту парешонӣ ва дарду аламҳои бешумор рӯ ба рӯ гашт. Ба таъбири устод Айнӣ «мо, тоҷикон… шамшери зангзадаи ҷаҳлу ҷаҳолати аз бобоён мерос мондаро боз аз нодонӣ ба сари якдигар бардоштем» ва ёд овардан талх ҳам бошад, харобкориву хунрезӣ кардем. Ва хуб шуд, ки ақли солим боло гирифту тоҷик Пешвои ҳақиқии худро дарёфт кард ва бо роҳбарии ӯ ба қуллаи мурод расид.

Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз тавонистем дастовардҳои хуберо соҳиб шавем.

Сокинони мамлакат шукронаи истиқлолро карда, дар пайи ободии диёр, шукуфоии Ватан, таҳкими истиқлолияти кишвар, баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол ҳастанд. Маҳз меҳнати ҳар як шаҳрванд буд, ки дар як муддати кутоҳ Тоҷикистон сарсабзу    хуррам ва ободу зебо, хуштарҳу намунавӣ ва дар радифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷой гирифт.

Сол ба сол буҷети давлатӣ бештар гашта, маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ низ меафзояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаҳои илму маориф кӯшиш ба харҷ медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилот дар макотиби миёнаву олӣ, баланд бардоштани малакаи тахассусии омӯзгорон барномаҳои гуногунро амалӣ месозад. Аз ҷумла, «Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ», «Барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015» барномаҳое мебошанд, ки тавассути амалишавии онҳо ба рушди соҳаи маориф ва илм то андозаи пешбинишуда ноил гардидем. Барои рушди соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати мамлакат боз барномаҳои дигаре қабул шудаанд, ба монанди “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020”, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд. Яъне зина ба зина ба дастоварду пешравиҳои соҳаи маориф тавассути дастгирии давлатӣ хоҳем расид.

Албатта, бе маблағгузорӣ расидан ба пешравии соҳа мушкил аст ва гуфтанием, ки ин маблағгузориҳо фардо албатта натиҷаи худро хоҳад дод ва насли имрӯзи наврасу ҷавон соҳиби донишу таҷриба гашта, барои ояндаи ватан хизмат мекунанд.

Баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимӣ афзуд. Ҳоло дар муассисаҳои олию касбӣ 170 ҳазор нафар ҷавонон таҳсил карда, соҳибихтисос мегарданд. Аз ин шумора 50 ҳазор нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ ва беш аз 10 ҳазор  нафар аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ таҳсил доранд. Вале бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои тандурустӣ қариб 6 ҳазор табибон, 8100 нафар кормандони миёнаи тиббӣ намерасанд ва талаботи солона ба кадрҳои омӯзгорӣ 3600 нафар мебошад, ки ин нуктаро дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ шумораи беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, марказҳои ташхис бештар мегардад ва аз ин ҳисоб норасоии мутахассисон эҳсос мегардад. Яъне ин аз ҷониби дигар ҷойҳои кори хубест барои хатмкунандагон, вақте онҳо ин ё он муассисаи таълимиро хатм мекунанд, бе ягон душворӣ метавонанд соҳиби ҷои кори доимӣ гарданд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ дар самти беҳбуд бахшидан ба сатҳи таълим, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав навовариҳои зиёде таи солҳои соҳибистиқлолӣ ба амал омаданд, ки мо омӯзгорон инро хуб дарк мекунем. Омӯхтани бозори меҳнат ва таълим, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, фанҳои ҷадид донишҷӯро ба ин муассисаи ҷумҳурӣ ҷалб мекунад ва сол ба сол шумораи донишҷӯён афзуда, баъзеи онҳо баъди хатми донишгоҳ таҳсили худро дар зинаҳои баъдӣ идома медиҳанду ба корҳои илмӣ машғул мешаванд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар як омӯзгору донишҷӯи Донишгоҳ ба қадри Истиқлолият, Ватан ва арзишҳои миллӣ мерасанд ва ҳамеша барои ободии меҳани худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки маҳз бо шарофати истиқлолияту ваҳдат имкони хондан, таҳсил гирифтан, озодона кору фаъолият намудану зистан пайдо мешавад. Аз ин рӯ ба қадри ин ҳама неъматҳо бояд расид ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста ба синну сол бояд ҳиссаи арзандаи худро тавассути меҳнати ҳалолу пурарзишаш ба ояндаи ватан гузорад. Пешвои муаззами миллат ҳаққонӣ моро моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».

Оре, истиқлол неъмати бебаҳои зиндагист, вале он мӯъҷизае нест, ки баъди эълонаш мо даст рӯи даст, дар кунҷи хона бишинему тамоми нозу неъмати зиндагӣ болои хонамон муҳайё шавад. Ҳам пойдории истиқлол ва ҳам беҳ гардидани рӯзгорамон аз меҳнати ҳалол, муносибати пок ва дилу нияти софи ҳар як фарди ҷамъият дар сари иҷрои вазифа аён мегардад. Чунончи, агар хонанда ва донишҷӯем бояд хубу аъло таҳсил кунем, то ҳамчун донишманду закӣ ва соҳибтахассус паи ободии Ватан камари ҳиммат бандем. Ва ё агар кишоварзем, бо сад умед ба замин дона корем, то дастурхони мардум ҳамеша пурфайз бошад. Агар муҳофизи ватанем, софдилона хизмат кунем, то ҳар нафар шаҳрванди ин кишвар тавонад дар фазои орому осоишта кору зиндагӣ кунад. Агар омӯзгорем кӯшиш кунем, ки насли босаводро тарбия кунем, зеро маҳз насли босавод метавонад ободгар бошад. Агар шахси фарҳангием, дар ҳифзи фарҳанг ва баланд бардоштани донишҳои фарҳангӣ талош варзем. Агар табибем, баҳри саломатии ин миллат хизмат кунем, зеро ҷомеаи солим боигарии давлат аст ва фарди солим метавонад ҷомеаи солиму пешрафта созад.

Ваҳдату истиқлол бақои давлату миллати мост. Онро бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Ин субҳдам бидидам, ҳамроҳи резаборон,

Мерехт файзи    раҳмат, бар мулки Тоҷикистон.

Мавлуди Тоҷикистон, мавлуди бахти тоҷик,

Ё раб, нигаҳбон шав, ин тоҷу тахти тоҷик!

   

 Қурбонов С.Х., профессори кафедраи травматология,

                                                                                                                                              ортопедия ва ҶҲС ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


03.10.2018     50