Иштироки намояндагони донишгоњ дар мањфили илмӣ – назариявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Пешвои миллат- бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳайёти ҷомеа ва нақши онҳо дар таҳкими муносибатҳои идорӣ” бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, олимону муҳақиқони ҷавон, намояндагони Воситањои ахбори омма ва ҷавонони фаъол бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми иншооти азими аср, НБО “Роғун” 14 -уми ноябри соли ҷорӣ соати 0900 дар Кохи “Афсарон”-и шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки роҳбарони мақомотҳои олии ҷумҳурӣ чорабинии мазкурро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми иншооти азими аср, НБО “Роғун” шодбош гуфта, суханро ба баромадкунандагон супориданд, ки онњо дар мавзӯи зикргардида маъруза намуданд.
Аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон Аюбов Д.Қ. ва 10 нафар донишҷӯёни фаъол иштирок карданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон