Иштироки донишҷӯёни факултети стоматологӣ дар чорабинии донишгоҳӣ
23-уми октябр дар толори “Сино”-и донишгоҳ вохӯрӣ бо донишҷӯён ва кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, баргузор гардид. Нахуст Ректори донишгоҳ дар бораи вазъи имрӯзаи ВМКБ ва сипас хизматҳои шоёни фарзандони Бадахшон суханронӣ намуда, суханҳои пурмазмун гуфтанд. Инчунин супориш доданд, ки дар таътили зимистона донишҷӯёни зодаи ВМКБ тибқи барномаи донишгоҳӣ баҳри корҳои фаҳмондадиҳӣ ба назди ақрабояшон фиристода шаванд. Инчунин, дар вохӯрӣ ноиби ректор оид ба тарбия, мудири кафедраи тибби судӣ, дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ ва ду нафар донишҷӯ, ки ҳамагон зодаи Бадахшон ҳастанд, бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карданд. Ҷамъомад дар як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.
Деканати факултети стоматологӣ