Иштироки донишҷӯёни факултети фармасевтӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ
Аз ҷумла, дар маросими расмии кушодашавии Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номӣ А.Навоӣ, ки дар сатҳи ниҳоят баланди ташкилӣ ва бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти кишвари ба мо дусту бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев санаи 27 – уми сентябри соли равон баргузор гашт, дар баробари донишҷӯёни дигар муассисаҳои олии таълимии кишвар, инчунин донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ, аз ҷумла донишҷӯёни факултети фармасевтӣ низ ба таври фаъолона иштирок намуданд.
Дар расми кушодашавии Боғи фарҳангӣ – фароғатӣ донишҷӯён меҳмонони олиқадрро бо як хурсандии бепоён истиқбол намуда, ҳангоми пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаҳои муттафакирони бузург ва шоирони забардасти машриқзамин А. Ҷомӣ ва А. Навоӣ бо кафкӯбиҳои бардавом ва парафшонии парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодиву нишоти худро зоҳир менамуданд.
Садорати факултети фармасевтӣ минбаъд низ дар пайравӣ бо раёсати Донишгоҳ идомаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти олии кишварро дастгирӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар самти татбиқ намудани он саҳми босазои худро гузорад.
Декани факултети фармасевтӣ,
н.и.т., дотсент
Юлдашева У.П.
02.10.2018
451