Иштироки донишҷӯён дар кушодашавии боғи фарҳангу фароғатии ба номи Мир Алишери Навоӣ

Иштироки донишҷӯён дар кушодашавии боғи фарҳангу фароғатии ба номи Мир Алишери Навоӣ

Рӯзи 27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати иштирок дар маҷлиси сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатии дар маркази шаҳри Душанбе бунёд гардида якҷо бо Асосгузор сурҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд. Ин боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи шоири классики ӯзбек Алишер Навоӣ гузошта шуда, чун рамзи дӯстии халқҳо дар боғ пайкараи ду шоири барҷастаи миллатҳои тоҷику ӯзбек яке Ҳаким Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигаре Мир Алишери Навоӣ, ки яке аз шогирдони номдори Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт қомат афрохтанд. Дар расми кушодашавии боғи мазкур донишҷӯёни факултаи стоматологӣ низ (150 нафар) иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур дар як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.


Факултети стоматологӣ


03.10.2018 477

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php