Иштирок дар таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр”
15.11. соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи бинои 6 МД ММТ ҶТ шаҳраки “Шифобахш” бо иштироки раиси Шӯрои бонувон Хоҷиева Г.Б. ва донишҷӯдухтарони факултети тиббӣ чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр” гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Хоҷиева Г.Б. дар бораи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – роҳбари халқу давлати тозаистиқлоли тоҷикон, марди фидоӣ бо нангу номуси ватандорӣ, муҳаббати беандозаи ӯ ба халқ, пок ва муқаддас доштани хоки диёр, ҷонфидоӣ, бо ғуруру ифтихори баланди миллӣ, дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16-ми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири Тоҷикистонро бар дӯши хеш гирифтанаш, суханронӣ намуд.
Узҷи фаъоли Шӯрои бонувон Ятимова М. дар баромади худ оиди китобҳои Президенти мо, ҷоннисориҳои ин марди бузург, ватандӯст, сулҳовар маълумот дода, дар бораи Ватан шеърҳо қироат намуд.
Адлро Эмомалӣ кардаст имрӯз ихтиёр,
Номи худро мегузорад ӯ ба некӣ ёдгор.
Хамраҳи ӯ ҳар касе бар халқи худ некӣ кунад,
Хеҷ гоҳ дар назди халқаш ӯ намонад шармсор.
Шӯрои бонувон
15.11.2019
564