Инсон ва Қонун
Вобаста ба мактуби расмии Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон 5 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар шоу барномаи телевизионии таҳлилии «Инсон ва Қонун» таҳти мавзӯи «Риояи қонунгузорӣ ва таъмини волоияти он дар ҷомеа» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Дар барномаи мазкур устодон ва мутахассисони соҳаҳои дахлдор низ ширкат варзиданд.
Бояд зикр намуд, ки устодон ва мутахассисони соҳа оид ба роҳҳои таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа ва риояи қонунҳои ҷорӣ сухан ронда, ҳамчунин қайд намуданд, ки ба роҳ мондани чунин барномаҳои телевизионӣ баҳри таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа нақши муҳимро мебозад.
Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон - Шарифов Қ.О.