ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД…

ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД…

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8–уми феврали соли 2017, № 35 тасдиқ гардидааст, инчунин барои дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён санаи 7- уми апрели соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва дар ҳамкорӣ бо кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ  донишҷӯёни курси якуми факултети педиатрӣ аз муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахурон ва маъюбони шаҳри Душанбе» дидан намуданд. Донишҷӯён бо шароити зисти истиқоматкунандагони ин марказ аз наздик шинос гардиданд. Новобаста аз шароити хуби маркази номбурда, ки зери таваҷҷӯҳи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад, донишҷӯён низ ҳамчун қарзи фарзандӣ ба бошандагони он миқдори муайяни хӯрока дастарс намуданд. Ёдовар мешавем, ки мақсади ташкили ин бозбинӣ ба тарбияи ахлоқии ҷавонон ва эҳироми падару модар аз ҷониби эшон равона гардида буд. Донишҷӯён бо як меҳру муҳаббати самимӣ бо истиқоматкунандагони ин боргоҳ сӯҳбат ороста, барои онҳо барномаи хурди фарҳангиро пешкаш намуданд. Бошандагони марказ ба ин амали хайрхоҳонаи донишҷӯён баҳои баланд дода, ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» барои тарбияи ҷавонон ва фарзандони бофарҳанг изҳори сипос намуданд.

Шуъбаи тарбия


08.04.2021 1900

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php