Ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ

Ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ

         Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 26 апрели соли 2019 маросими расмии ифтитоҳи курсҳои омӯзиширо, ки дар назди ташкилотҳои системаи кор бо ҷавонон дар бинои МД “Наврӯзгоҳ” фаъолият мекунад, баргузор намуд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода А.Р. оиди кушодашавии курсҳои ройгони омӯзишии забонҳо, дӯзандагӣ, рассомӣ, пухту паз бо духтарон сӯҳбат гузаронид. Дар вохӯрӣ як гурӯҳ донишҷӯдухтарони фаъоли шӯрои бонувони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз факултети тиббӣ иштирок намуда, Сафарова М., Шаропова Ш., Фарозова Г., Ҳусейнова Ё. аз факултети тиббӣ ба ин курсҳо номнавис гардиданд. 

Шӯрои бонувон


02.05.2019     55