Ифротгароиро маҳкум менамоем

Ифротгароиро маҳкум менамоем

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҷавонон ва шиносоии донишҷӯён бо вазъи пеячидаи ҷаҳони мутағайир бо ибтикори Шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо кафедраҳои МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» силсила чорабиниҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудаанд. Чунин як чорабинии тарғиботи санаи 07.11.2020 дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ доир карда шуд. Дар чорабинии номбурда номзади илмҳои фалсафа, диншиноси варзидаи тоҷик Абдухалилзода К.А перомуни хатари гурӯҳҳои ифротгарою экстремистӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал доданд.

Бо чунин мазмун дар таърихи зикргардида бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми факултети стоматологӣ низ чорабинӣ баргузор гардид. Донишҷӯён баъди суҳанрониҳои омӯзгорон фаъолиятҳои мамнӯи гурӯҳхои экстремистиро ғайриинсонона хонда онро дастҷамъона маҳкум намуданд.

Шуъбаи тарбия


07.11.2020 358

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php