«Ифротгароӣ ва терроризм - зуҳуроти номатлуби замони муосир»
18 – уми сентябр дар кафедраи Ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта бо иштироки донишҷӯён ва кормандони кафедра тибқи фармони Ректори донишгоҳ оиди баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, худшиносии миллӣ, ва зиракии сиёсӣ вохӯрӣ дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва терроризм - зуҳуроти номатлуби замони муосир» гузаронида шуд. Дар ин вохӯри донишҷӯёни гуру{ҳои 53, 54, ки 33 нафарро ташкил менамуданд, иштирок доштанд. Бо роҳбарии дотсенти кафедра Бобоxонов М.Н. сӯҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар атрофи мавзӯи мазкур гузаронида шуд. Инчунин дотсенти кафедра Бобоxонов М.Н. баромад намуда, rайд кард, ки: “Дар шароити ҷаҳоншавӣ душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсиву иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои милливу мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан мувофиқи мақсад мебошад. Бинобар ин, мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои чаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бетарафу бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасону xавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем”.
Бобохонов М.Н.,
н.и.т., дотсенти кафедраи
Ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта