Идомаи корҳои ободонӣ дар Хобгоҳи №3

Идомаи корҳои ободонӣ дар Хобгоҳи №3

    Дар идомаи ташабусҳои сузандаву ободкорона санаи 18.11.2018 с. бошандагон – донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда дар якҷоягӣ бо кормандони Хобгоҳи №3 ба ҳашари умумихобгоҳӣ баромаданд.

      Зимни гузаронидани корҳои ободонӣ заминҳои гирду атрофии хобгоҳ аз хору буттаҳои худрӯй ва бегона тоза карда шуда, нарм карда шуданд. Бехи ҳамаи дарахтони атрофи хобгоҳ суст карда шуда, шоху баргҳои рехтаи онҳо тоза карда шуданд.

     Дар баробари писарон донишҷӯдухтарон низ дар рафти чорабинӣ иштироки фаъолона доштанд. Онҳо баргҳои дар фасли хазон рехтаи дарахтони ҳавлии атрофии хобгоҳ ва ҷӯйборҳоро рӯфта, тоза намуда, баргҳои ҷамъшударо дар партовгоҳи назди бинои истиқоматӣ бурда рехтанд.

      Писарон бошад, дар рафти таъмири қубурҳои обпартои пушти бинои хобгоҳ ба кормандон кумак намуданд.

       Дар ҷараёни чунин корҳои ободонӣ гирду атрофии хобгоҳ тозаву озода гардида, кори пурра ва муътадили қубурҳои обпартои хобгоҳ барқарор карда шуданд.

 

Коменданти Хобгоҳи №3, Талбов Ф.Ш.


26.11.2018 409

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php