Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгар ва сармеъморӣ «НБО»-Роғун
9-уми ноябри соли 2018 дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 бо иштироки донишҷӯён ва кормандони кафедра оид ба таърихи бунёди НБО-и Роғун, аҳамияти стратегӣ ва иҷтимоии он, саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёдсозии ин иншооти бузурги аср ва ба истифода додани агрегати якуми он маъруза пешкаш карда шуд. Сохтмони неругоҳи барқӣ обии Роғун дар Осиёи миёна калонтарин баҳисоб меравад. Иқтидории лоиҳавии он ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди 335 метр муайян гардидааст. Ин неругоҳ метавонад дар 1 сол 17,1 млрд кВт-соат неруи барқ тавлид созад. Инак дар таърихи 16 ноябри соли ҷорӣ ягрегати якуми он ба кор медарояд ва ин орзӯи деринаи миллати тоҷик амалӣ хоҳад шуд.
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2