Эҳтиёт «Коронавирус»

Эҳтиёт «Коронавирус»
3 апрел дар толори хониши бинои 6 шаҳраки «Шифобахш» бо донишҷӯёни курси 6 факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 10-18 ва курси 4 факултети стоматологӣ гурӯҳҳои 5-7 чорабинӣ оиди коронавирус гузаронида шуд.
Раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. дар бораи пайдоиши вируси тоҷдор, таърихи он, 39 намудҳои он, тоҷвируси одам, гурба, парранда, саг, ҳайвоноти калони шохдор, хук, харгушҳо, морҳо, мушҳои паррон, роҳҳои сирояткунии он маълумот дода, аломатҳои беморӣ,оризаҳои он, ки асосан осебёбии роҳҳои нафас, системаи дилу рагҳо ва мағзи сар мебошад дар презентатсия намоиш дод. Оиди пайдоиши вируси тоҷдор дар Чин ва паҳншавии он дар тамоми ҷаҳон, пешгирии ин беморӣ низ гуфтугузор шуд.
Мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 д.и.т., профессор Мустафакулова Н.И низ дар бораи пешгирии ин беморӣ фикру ақидаҳои олимонро иброз намуда, қайд намуд, ки ҳамарӯза дар маҷлисҳои пагоҳӣ оиди вируси тоҷдор ба донишҷӯён маълумот дода мешавад.
Кафедраи бемориҳои дарунии №3

Шӯрои бонувон



08.04.2020 302