Дилҷӯйу дилфиреб аст, ҷӯши канори Роғун...

Дилҷӯйу дилфиреб аст, ҷӯши канори Роғун...

Дилҷӯйу дилфиреб аст, ҷӯши канори Роғун,

Чун рӯйи маҳ базеб аст, ҷӯйи нигори Роғун.

Занҷир банданд ин дам дар пойи куҳу дарё,

Дасти вафои марди меҳнатшиори Роғун.

        Ҳар як нидои ин суханҳо бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатманди бедор кард. Тоҷикистони кучаки мо, имрӯз иқтидори бино намудани чунин як иншоотии бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаю муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузарганд, аз як гиребон сар бароварда ин иншоотро обод намудан доранд.

       Баробари ҷашнгирии тантанавори ифтитоҳи НОБ-и Роғун дар саросари кишвар дар кафедраи асабшиносӣ дар давоми ҳафта як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, имрӯз як баромади пурмазмун аз тарафи ординаторону интарнаҳо бо сарварии ассистенти кафедра Исрофилов М.О барои омӯзгору духтурони асабшинос ба донишҷуёни курси 4 факултети тибби, гуруҳҳои 6-10 пешниҳод карда шуд. Сараввал, ҳамагонро мудири кафедра н.и.т Ғаниева М.Т бо ин санаи таърихӣ табрик намудад. Зикр кардан ба маврид аст, ки сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон эҳё гардид.

       Баъдан ординаторону интернаҳо бо маърӯзаву шеъру суруд ҳафтаи НОБ-и Роғунро оғоз намуданд.

Кафедраи асабшиносӣ бо асосҳои ирсияти тиббӣ

 


15.11.2018 390

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php