ДДТТ бо дипломи Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида шуд
Нахуст президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарход Раҳимӣ бо сухани табрикотӣ баромад намуд. Сипас, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе, кормандони иститутҳо ва Академияи илмҳои Ҷумхурии Точикистон оид ба ин масъала суханронӣ намуда, олимони мамлакатро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфтанд.
Аз донишгохи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино н.и.т., дотсент Гулнора Ҳоҷиева дар мавзӯи «Коронавирус ва роҳҳои пешгирии он» баромад намуд. Пас аз баромад саволҳои зиёд ба миён омад, ки ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласаи конференсия як гурӯҳ олимаҳои ҷавони донишгоҳ бо пешниҳоди маърӯзаҳои илмиашон иштирок намуданд. ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои иштироки фаъолонаи донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи академия барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Точикистон» сазовори дипломи дараҷаи 3 дониста шуд, ки он дар вазъияти тантанавӣ ба муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим профессор С.Т.Ибодзода супорида шуд. Инчунин, раиси шӯрои занони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Г.Б.Ҳоҷиева барои иштироки фаъолона дар кори конференсияи илмии «Саҳми бонувон дар рушди илм» ва бо муносибати «Рӯзи илм» бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Шурои бонувон
16.04.2020
1077