Давлату ҳукумат - пуштибони табақаи осебпазири ҷомеа

Давлату ҳукумат - пуштибони табақаи осебпазири ҷомеа

«Мо раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастормонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».

                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон.

         Воқеан ҳам, дастгирӣ ва ҳифз намудани ҳуқуқҳои ашхоси ятиму бепарастор ва камбизоати ҷомеа имрӯзҳо яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳисоб меравад. Ба тасвиб расидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон» ва ғайра баёнгари ин гуфтаҳост.

         Санаи 3-юми декабр дар бисёре аз кишварҳои сайёра ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон қабул гардидааст. Ба ҳамин муносибат, дирӯз- 03.12.2019 ба хотири арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои нафарони маъюб кормандони Шуъбаи тарбия ва фарҳанг дар чорабинии фарҳангии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии маъюбон, ки дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ширкат варзиданд. Чорабиниро Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Абдусалом Назаралӣ ифтитоҳ бахшида, тамоми таълимгирандагони ин муассисаро ба муносибати идашон аз номи роҳбарияти вазорати болозикр муборакбод карда, баҳрашон ояндаи дурахшон ва саломатию хушбахтиҳо таманно намуд.

          Сипас, сармутахассиси Шуъбаи тарбия ва фарҳанги МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Ҳафизов Т.С. ба сухан баромада, тамоми бошандагони ин мактаб-интернат ва дар симои онҳо кулли таълимгирандагони мактаб-интернатҳои кишварро бо самимият барои баргузории рӯзашон табрику таҳният намуда, дар рафти суханрониҳояш оид ба ғамхориҳои президенти кишварамон нисбати ин қишри ҷомеа ёдоварӣ намуд. Мавсуф таъкид сохт, ки имрӯзҳо таваҷҷӯҳи тамоми корхонаю идораҳои дахлдор ба онҳо равона карда шудааст ва ҳамеша баҳри расонидани кӯмаку дастгириҳо омодаанд.

       Дастагули консертии омода намудаи дастаи «Шифо»-и назди Шуъбаи тарбия ва фарҳанги донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни идона зам карда, хотири таълимгирандагони мактаб-интернати мазкурро болида сохт.

         Дар чорабинӣ ҳунармандони шинохтаи ансамбли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ. низ ширкат варзида, баҳри ҳозирин сурудҳои тару тозаи худро пешкаш намуданд.

                                                                     

  Шуъбаи тарбия ва фарҳанг


06.12.2019 530

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php