Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…
Бо ибтикори кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 400-солагии бузургдошти Сайидои Насафӣ чорабинии илмӣ–фарҳангӣ баргузор шуд.
Дар баробари донишҷӯёни ватанӣ як гурӯҳ донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ низ дар чорабинӣ фаъолона ширкат намуда, аз ашъори Сайидои Насафӣ шеъру ғазалҳоро бо забони тоҷикӣ қироат карданд, ки писанди аҳли толор гардид.
Дар воқеъ ҷомеаи башарӣ имрӯз беш аз ҳар замони дигаре ба равобити инсонӣ ниёзманд аст. Дӯстӣ аз хостарин навъи равобити инсонӣ маҳсуб мешавад ва дар мустаҳкам намудани робитаҳои дигар нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин дӯстӣ яке аз шохаҳои пешрафти фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино асоситарин таъминкунандаи барномаҳои аълосифати таълимии тиббӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ маҳсуб мешавад. Айни замон дар донишгоҳ донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ғайра таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни хориҷӣ ҳам дар сатҳи тодипломӣ ва ҳам баъдидипломии таҳсилот- магистратура, аспирантура, докторантура фаро гирифта шудаанд. Бо дар назардошти ин дар Донишгоҳи тиббӣ аз соли 2006 инҷониб фазои таълим сезабона мебошад.
Зуҳра Турсунова,
кафедраи забони тоҷикӣ