Чорабинии сиёсӣ – тарбивӣ
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедра чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ин муносибат санаи 01.11.2018 дар кафедра бо иштироки донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ (гурӯҳи 61) чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонони тоҷик дар бунёди давлати демократӣ - дунявӣ ” доир гардид. Дар кори маҳфил донишҷӯён дар атрофи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, моҳияти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, озодиҳои динӣ ва мақсади бунёди давлати демократию дунявӣ ба таври муфассал гузориш доданд. Кори маҳфилро куратори гурӯҳ, муаллимаи фанни ҳуқуқшиносӣ Саидализода Ш.Ф. ҷамъбаст намуда, ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд.
Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ