Чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ

Чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ

      Санаи 05.11.2018 бо гурӯҳҳои куратории 48- факултети тиббӣ чорабинии маърифатӣ, зеҳнӣ ва фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «НБО-и Роғун-меваи боғи истиқлолият» дар кафедраи Анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳимов бо иштироки васеъи кормандони кафедра баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон - устодон аз кафедраи гистология ва кафедраи анатомияи патологӣ иштирок доштанд.

     Сараввал сухан ба мудири кафедраи анатомияи одам н.и.т Зокиров Р.Ҳ дода шуд, устод ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо ин ҷашнҳо табрик намуда, маҳфилро оғоз намуданд. Баъд донишҷӯёни курси якум Насриддинзода Бузургмеҳр ва Ҳасанзода Дилрасбону, Саидзода Аниса ҳамчун ровӣ дар бораи «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «НБО-и Роғун-меваи боғи истиқлолият» баромад карданд. Баъд донишҷӯён Раҳматуллоева Умринисо ва Тошова Бунафша шеърҳо бахшида ба Ватан, Тоҷикистон, Конститутсия ва НБО-и Роғун ифоданок қироат карданд. Баъдан бо донишҷӯён оиди мавзуи маҳфил саволу ҷавоб карданд. Дар интиҳои мафил саркуратори кафедра Тулаганова С.М. баромад карда, миннатдории худро ба иштирокчиён баён намуда, меҳмононро хушомадед гуфтанд, ба иштирокчиён таҳсину офарин хонданд.

Кафедраи  анатомияи одам ба номи Я.А.Раҳимов


12.11.2018 440

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php