Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба “Рӯзи Сада”
8-декабри соли 2018 бахшида ба “Рӯзи Сада” дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муаллими калони кафедра Умаров Хаёт Умарович оиди ин мавзӯъ суханронӣ намуданд. Иди Сада – яке аз ҷашнҳои эрониён ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳ 10 бахманмоҳ (30 январ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обон рӯз низ мегуянд.
Донишҷӯёни гурӯҳи 9 Гулов Хуршед, Маъмурзода Муродҷон ва Сангинов Ҳадятулло оиди таърихи Сада баромад карда таъкид намуданд, ки калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, Сад рӯз, оташ, рӯшноӣ ва Хуршедро маънидод мекунад. Сада дар забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулӯъ кардан»-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон бо гунаи «sadok» ва дар форсиии миёна «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро ( пас аз шаби Ялдо) тавлиди дигаре барои Меҳр бидонем, метавонем онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳилумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист.
Оид ба истилоҳи Сада фикрҳои гуногун мавчуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи Сада менависад, ки :
«Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол аст; сат, сатаг, садҳаг, садҳ, сата буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазак ё саадак китобат ва талаффуз мешавад… Дар форси миёна ва форсии бостон ва Авасто ба ҳар ҳол вожаи сата ба маънии сад, адади сад мебошад, чунон ки дар форсӣ сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад».
Инчунин саҳначаҳо таёр намуда, шеъру суруд қироат карданд. Дар охир аз тарафи донишҷӯён ба марӯзачиён саволҳо оиди мавзӯҳои баромадкардаашон дода шуд.
Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1