Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба “Иди Меҳргон”

Чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба “Иди Меҳргон”

      Санаи 31-уми октябри соли ҷорӣ чорабинии фарҳангӣ-таблиғотӣ бахшида ба иди Меҳргон гузаронида шуд.. Дар оғози чорабинӣ муаллими калони кафедра Умаров Ҳ.У. бо суханронӣ намуда, аз таърихи ин ҷашнвора маълумот дод.
      Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст
       Донишҷӯёни гурӯҳи 28 бо маърӯзаҳо баромад намуда, қайд карданд, ки ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
       Донишҷӯён дар баромади худ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   порчаҳо гуфта гузаштанд.
       Барои боз ҳам шавқовар гузаштани ин маросим донишҷӯёни ҳамин гурӯҳ каме бошад ҳам намоиш аз фаровонии ҷамъоварии ҳосили деҳқон дар ҳамин сол пешкаши донишҷӯён намуданд.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1


02.11.2018 511

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php