Чашму дили шабнам нигарон аст дар ин боғ…
Бахшида ба 26- умин солгарди рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ” ва бо мақсади баланд бардоштани савияи фарҳангӣ ва таърихии донишҷуён инчунин дидан намудан аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвар, ки бевосита аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад рӯзи 03.11.2020 донишҷуёни курси 2-и факултети тиббӣ (гурӯҳи 60) бо ҳамроҳии куратори гурӯҳ Ҳамроева С. К. аз боғи фарҳанги-фароғатии “Ирам”-и ш. Душанбе дидан намуданд. Бояд зикр кард, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Душанбе ҷойҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил ва баъзеашон аз нав ободу зебо гардида, пойтахти ҳамешабаҳори кишвари моро боз ҳам зебову дилоротар намудааст. Баргузор намудани дарси тарбиявӣ дар ин боғи зебову дилкаш аз манфиат холӣ набуда, метавонад дар замири донишҷӯён зебоипарастиву арҷгузори ба нозукиҳои табиатро бедор намояд.
Шуъбаи тарбия