Чакан – намунае аз осори қадим
Миллати тоҷик таърихи қадима ва дорои фарҳанги тамаддунофар мебошад. Бо ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар гардида, аз ҷониби давлат, бахсус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъат ва ривоҷи тоза гирифт. «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар заминаи он «Барномаи рушди фарҳанги Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ва «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» қабул гардида, ҷиҳати иҷрои он барномаи махсус дар шароити ҷаҳонишавӣ ва оммавӣ гардидани фарҳангҳо дар тамоми кишвар силсила тадбирҳо андешида шуданд. Чунончи, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан-хандаи ҳусн» доир гардид. Мақсад аз баргузории ин чорабинї тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги чандинҳазорсолаи ниёгон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстӣ ва шукргузорӣ аз ваҳдату амну суботи кишвар мебошад.
Куртаи чакан. Ин куртаест, ки таърихи ҳазорсола дорад. Куртаи чакан, асосан 2 категория дорад ва онро бештар дар қисми ҷанубии Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Бештар куртаи халқии духтарони тоҷик буда, яке аз намунаҳои беҳтарин аст ва он метавонад номи «Попурӣ»-ро низ гирад. Ин намуди либосро духтарон дар ҷашну идҳои миллӣ бахсус ҷашни Наврўз ба бар мекунанд. Дўхтани чакан аз 3 то 7 рўзро талаб менамояд. Ҳангоми дўхтани он аз риштаҳои ранга истифода мешаванд.
Чакан зеби ҳар бонуи тоҷик буда, дар тамоми хонаводаи минтақаи ҷанубу шимол пироҳани чакан ва чодару рўймоли чаканро дидан мумкин аст.
Зимнан, дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, номинатсияи "Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ин ҷаласа беш аз 800 нафар намояндагон аз 120 мамлакати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин ҷаласа номинатсияи «Санъати гулдўзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 2017 пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баррасӣ намояндаҳои кишварҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Фаластин, Сенегеал, Филиппин, Чин, Ҷамайка, Ҷибути, Ҷопон, Камерун ва чанде ба сухан баромада, номинатсияи «Чакан»-ро дастгирӣ ва тавсиф намуданд. Ҳамин тариқ, дар вақти овоздиҳӣ аксарият ба ҷонибдории номинатсияи «Санъати гулдўзии чакан» овоз доданд ва номиниатсияи мазкур ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ расман сабт карда шуд.
Сомонаи ЮНЕСКО дар муаррифии чакан менависад: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву эзори чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».
Маврид ба ёдоварист, ки ду сол пеш ЮНЕСКО оши палав ва Ҷашни Наврӯзро низ ба рӯйхатти мӯътабари мероси ғайримоддии инсоният шомил карда буд.
То имрӯз Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис шудааст, 509 номгӯи урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар мегирад.
Зуҳра Турсунова,
шуъбаи иттилоот ва нашрия