Бузургмардони олам андар шинохти тоҷикон
Тоҷикон мардуми коршинос, меҳмондӯст ва ҳунарманданд. Бештар ба кишоварзӣ, косибӣ ва тиҷорат машғуланд ва ба ҳаёти кӯчиёна таваҷҷуҳе надоранд. Аксарияти онҳо босавод буда, сокинони мутаммадини Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд.
Е.Мейендорф, дипломат, соли 1826
Чеҳраи тоҷикон зебо буда, онҳо қадбаланд, сафедпӯст, мӯю чашмонашон сиёҳ аст ва либоси шинам доранд. Умуман зиндагонии тоҷикон боназокат аст.
Н.Ханков, шарқшинос, соли 1843
Манзили зисти тоҷик шаҳр аст ва ӯ фақат дар шаҳр хешро дар муҳити муътадили зист эҳсос мекунад.
Тоҷикон ҳунармандони асиланд ва дар бисёр соҳаҳои ҳунар қариб рақибе надоранд.Тоҷикон мадуми боистеъдоданд.
Гребенкин, афсари рус, соли 1872
Дар миёни миллатҳои Осиёи Миёна тоҷикон аз ҳама босаводу бофарҳанг буда, кули дастоварди соҳаи кишоварзии минтақа натиҷаи заҳмати онҳост.Бунёдкори ҳамаи иншоотҳои обёрӣ, ки ба водиҳо ҳаёт мебахшанд, тоҷиконанд.
И.Гейер, муаррих, соли 1901
Тоҷик миллати соҳибистеъдоду коршинос буда, қодир аст шаклҳои мураккаби зиндагӣ ва фарҳанги олиро ташкил диҳад. Ба ӯ танҳо қобилияти қотеъона ва устуворона ҳифз кардани манфиатҳояш намерасад.
А.Снесарев, афсари рус, соли 1904
Тоҷикон мардуми бовиҷдон, ростқавл ва меҳнатдӯстанд. Бо майлу рағбати баланд ба савдо, санъат, илм, ҳунар машғул мешаванд ва истеъдоди олии кишоварзиву боғдорӣ доранд. Ва бо ин сифатҳои худ аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд.
А.Шишов, табиб, соли 1910
Тоҷикон кишоварзони мумтоз, ҳунармандони гулдаст ва мардуми зиёии кишварҳои Осиёи Миёна ва берун аз он мебошанд. Аҷдоди онҳо суғдиён, бохтариён, хоразмиён дар ташаккули инкишофи тамаддуни минтақа ҳиссаи бузурге гузоштанд. Онҳо бунёдгарони корезу ҷӯйборҳои ҳаётбахш, шахрҳову ёдгориҳои беназир ҳастанд.
В.Масалский, профессор, соли 1913
Гирдоваранда: С.Расулӣ, сардори
шуъбаи иттилоот ва нашрия