БАРХЕЗ ЗИ ҶОЙ ЭЙ ҲАМВАТАН БАР САР КУН ИНР ТОҶИ КАЁНРО…..
Таҳти чунин унвон дар толори калони лексионии ба номи М. Ғуломови шаҳраки “Шифобахш” бахшида ба 28- солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ- сиёсӣ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ баргузор карда шуд. Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур дар ҳамкории Шуъбаи тарбия бо кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ роҳандозӣ гардида дар кори он асосан донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ (гурӯҳи 23) зери роҳбарии омӯзгори кафедра Сафарова М.Ҷ саҳми арзанда гузоштанд. Донишҷӯён Муқимова Ф, Шерализода Ш, Ашурзода Х ва Суруши Сафизода дар мавзӯҳои гуногун бахшида ба ин санаҳои муҳими таърихӣ баромад намуданд. Инчунин донишҷӯёни фаъол Тағоева С, Юнусова Н ва Зокиров Б дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сардори Шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В иштирокдоронро аз номи роҳбарияти донишгоҳ табрику муборакбод намуда, ҳамзамон зикр доштанд, ки солҳои 90 - уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар ҳолати нестшавӣ қарор дошта буд. Маҳз дар Иҷлосияи сарнавиштсоз офтоби бахт аз нав ба рӯи ин миллати азияткашида хандид, ки вориси аслии Сомониён, Пешвои муаззами миллат аз нав тоҷи ниёгонро бар сар ниҳода давлати навтаъсиси миллиро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшид.
Шуъбаи тарбия