Баргузории корҳои ободонӣ дар хобгоҳи №3
Бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ рӯзи 11.11.2018 с. дар хобгоҳи №3 – и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби коменданти хобгоҳ ҳашари умумихобгоҳӣ эълон карда шуд, ки таклифи мазкур аз тарафи донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда ҷонибдорӣ карда шуд.
Дар чорабинии мазкур беш аз 30 нафар донишҷӯён ба таври фаъолона ширкат варзиданд ва дар анҷоми корҳои ободонӣ ва тозагии атрофии хобгоҳ саҳми босазои худро гузоштанд. Дар ҷараёни корҳои ободонӣ заминҳои атрофи хобгоҳ суст ва бехи дарахон нарм карда шуданд. Ҳамчунин, заминҳои бекорхобидае, ки хати қубурҳои обпартои хобгоҳ аз он мегузашт, аз гулхору буттаҳои худрӯй ва бегона тоза карда шуда, ки дар натиҷаи он кори муътадили қубурҳои обпарто қисман ҳам бошад, барқарор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бошандагони хобгоҳ минбаъд низ бо майлу рағбати том чунин чорабиниҳои ободониро идома хоҳанд дод.
Коменданти Хобгоҳи №3, Талбов Ф.Ш.