Аз азал тоҷик ҳама шеъру сухандон будаанд
Ҳадаф аз навиштани ин сухан ин баргузории боз як ҷамъомади адабӣ – фарҳангӣ дар донишгоҳ мебошад.
Санаи 10-уми декабри соли 2019 бо ташаббуси кафедраи физиологияи нормалӣ дар толори лексионии ба номи Я.А. Раҳимов як вохӯрии адабию маърифатии хотирмоне миёни донишҷӯён ва шоираи ширинсухан Зебуннисо Расулзода баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди табибон аз ҷониби аъзои дастаи «Шифо» оғоз гардид. Баъдан устоди кафедраи физиологияи нормалӣ д.и.т., профессор Шукуров Ф.А. ба сухан баромада, аз номи раёсати донишгоҳ меҳмон ва қаҳрамони асосии ҷамъомадро хайрамақдам намуд. Сипас, бо даъвати Шукуров Ф.А. шоираи ширинбаён Зебуннисои Расулзода ба сухангӯӣ пардохт. Мавсуф дар рафти сухангӯиҳояш оид ба мавзӯоти ашъор ва омилҳои эҷоди баъзе аз навиштаҳои худ ба ҳозирин қиссаҳо кард. Ҳамзамон бо қироати шеърҳо ва шарҳу баёни он диққати донишҷӯёну устодонро ба илми адаб ва шоирӣ ҷалб намуд. Инчунин, дар рафти чорабинӣ миёни шоира ва донишҷӯён гуфтугӯи озод ва саволу ҷавоб ба миён омад.
Дар ташкил ва баргузории чорабинӣ саҳми Шуъбаи тарбия ва фарҳанг назаррас мебошад. Аъзои дастаи «Шифо»- Аҳмадзода Суҳбат, Ёров Умедҷон, Отабоева Моҳнура, Ғаюрова Шукрона ва Буриев Билолиддин бо таронаҳои тозаэҷодашон ба чорабинӣ фазои фарҳангӣ зам намуда, хотири аҳли нишастро болида сохтанд. Дар интиҳо сармутахассиси шуъбаи тарбия ва фарҳанг Ҳафизов Т.С. ба сухан баромада, ба шоира Зебуннисои Расулзода барои қабули даъват ва ташрифашон ба ин даргоҳи муқаддас изҳори сипос баён сохт.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг
14.12.2019
702