Ҳаёти шахсони наҷиб

Ҳаёти шахсони наҷиб
12 октябри соли 2019 дар бинои нави таълимии ш.Шифобахш вохӯрӣ аз силсилаи: «Ҳаёти шахсони наҷиб», бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти як нафар бонуи тоҷик, ягона зане, ки дар Чумҳурии Тоҷикистон академики илмҳои тиб, доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, академики Академияи илмҳои тиб, Арбоби илм ва техникаи ҶТ, ДОДХОЕВА МУНАВВАРА ФАЙЗУЛЛОЕВНА, доир гардид.
Ҳадафи асосии ин маҳфил шиносонидани шахсиятҳои шинохтаву арзанда, ки дар касбу кори гуногун бо меҳнати ҳалолу масъулиятшиносии баланд дар ҷомеа мақом касб кардаанд бо донишҷӯён, мебошад.
Дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба муолиҷа,номзади илми тиб, дотсент Қобилов Қ. К., оид ба ҳаёт ва фаъолияти узви вобастаи Академияи илмхои ҶТ, академики Академияи илмхои тиб, Арбоби илм ва техникаи ҶТ Додхоева М.Ф. дотсенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1, н.и.т. Қодирова Соҷида Ғафуровна, ҳамкорон, д.и.т., профессорон Сабурова А.М., Сироҷиддинова У.Ю., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, н.и.т., аълочии тандурустӣ яке аз шогирдони устод: Ашурова Гулбаҳор Сангиллоевна, аз номи ҳамкурсҳо Усмонова Ҳ.Ҷ., муовини ректор оид ба корҳои тарбия,н.и.т., дотсент Қурбонбекова П.Қ. ва шогирди аз ҳама ҷавони муаллима Улуғова Дилноза, баромад намуданд. Аз тарафи донишҷуён ба муаллима саволҳо дода шуд.
Бахшида ба чорабинӣ нишондиҳандаи биобиблиографии Додхоева Мунаввара Файзуллоевна нашр гардида ба иштиркочиён тақсим карда шуд.
Намоиши асарҳои муаллима, стендҳои расм ва барномаи фарҳангии гурухи «Шифо» ба чорабинӣ, ҳусни тоза бахшид.
Китобхонаи илмӣ


1
2
3
14.10.2019 1083

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php