Ҷавонони тоҷик зидди терроризм ва экстримизм

      Ҷомеаи башар имрӯзҳо дучори ҷаҳли терроризм ва экстримизм гаштааст. Ин кирдори нангини шахсиятҳои аз фарҳангу маърифат бехабар барои тамоми аҳли башар зараровар буда, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст.

      Эҳсоси бад ва нангин он аст, ки ин ҳама ҷаҳолатро ин беномусон зери ниқоби дини мубини Ислом пинҳон намуда, аз номи шириати накӯи мусулмонон ин амалҳоро иҷро мекунанд. Ҳол он, ки дини мубини Ислом орӣ аз ҷаҳолату куштор ва таҷовуз аст.

       Амалҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷони ҳазорҳо мардуми сулҳпарвари ҷаҳонро рабуда, мардуми минтақаҳои дигарро зери хатар гузоштааст.

       Ҳар давлату ҳар миллат дар тӯли таьрих ҳамеша рӯ ба тараққӣ ниҳода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки наслҳои ояндааш саводноку солимфикр ба камол расанд ва рушди миллату ватани худро қарзи асосии зиндагиашон донанд.

       Тоҷикиситон сарзамини мардуми сулҳпарвар ва башардӯст буда, ҳар икдоми неки Пешвои муаззами миллат барои тараққиёт ва ободии миллат ва кишварҳои дӯсту ҳамсоя равона гардидаанд. Мо ҷавонон ояндаи Ватан ҳастем. Танҳо азму иродаи қавӣ, солимфикриву фарҳанг ва дониши мо боиси пешрафти Ватани азизамон шуда метавонаду бас!

       Мардуми мо ҳамеша хоҳони сулҳ ва дӯстӣ буда, бузургону аҷдодони мо ҳамеша бо ақли солиму фарҳанги зиндагидорӣ, ба хусус меҳмоннавозӣ, миёни мардумони дигар минтақа, фарқияти хоса доштаанд. Ин хислати накӯи тоҷикон ҳанӯз дар ирсияти мо, яъне насли имрӯз боқӣ аст ва бояд барои наслҳои оянда низ мерос монад.

       Мо ҷавонони тоҷик, зидди терроризм ва экстримизм хастем! Мо шариати накӯи исломиро бо ҳама ақидаҳояш танҳо барои дӯстӣ, сулҳ ва ояндаи нек пос медорем.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1


26.11.2018     51