Ҷавонони муосир ва проблемаҳои экстремизм ва терроризми ҷаҳонӣ

Ҷавонони муосир  ва проблемаҳои экстремизм ва терроризми ҷаҳонӣ

    Терроризм ва экстремиз дар замони муосир як бемории сиёсӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Ҳадафи он бештар ҷалб намудани ҷавонон ба сафҳои гуруҳҳои манфури худ ва амалӣ намудани зиёдшавии таҳдид, паҳншавии даҳшат дар рӯи Замин аст. Онҳо рӯз аз рӯз бо истифодаи усулҳои нав ҷавонони сустиродаро пайгирӣ намуда, бо ваъдаҳои бардурӯғ онҳоро тобеи худ мегардонанд. Барои чӣ ҷавононро? Барои он ки бархе аз ҷавононе, ки манфиати шахсии худро аз манфиати падару модар Ватан боло мегузоранд, ба доми онҳо афтода метавонанд.Ин гуна гуруҳҳо бо мақсади ба ҳадафҳои сиёсии худ расидан дар зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал мекунанд, ки ин ба мафкураи нағз инкишоф наёфтаи ҷавонон бетаъсир монда наметавонад.

     Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин амалҳо ва ҳушёр намудан, ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон мо устодон ва падару модаронро зарур аст, ки сари ин масъала чораҳои зарурӣ андешем.

     Бо ҳамин мақсад санаи 24 уми декабри соли ҷорӣ муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У.,Раҳимова Д.С., Айниев Б.С. бо ҳамроҳии мутахасиси Шӯъбаи тарбияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Бегиҷонов Н.Қ. аз хобгоҳи №4 ва №7 дидан намуданд. Мақсад аз ташриф огоҳӣ гирифтан аз вазъи зист, истироҳат ва омодагии донишҷӯён дар давраи супоридани санҷишу имтиҳонҳо ва гузаронидани сӯҳбат дар мавзӯи “Ҷавонони муосир ва проблемаҳои экстремизм ва терроризми ҷаҳонӣ” буд.

      Доир ба ин мавзӯъ Бурҳонова З.У. баромад карда, доир ба сабабҳои пайдоиш, шаклҳои экстремизм ва терроризм, проблемаҳои ба вуҷудорандаи онҳо   ва роҳҳои пешгирии он ба ҳозирин маълумоти зиёд пешниҳод намуданд. Муаллима инчунин қайд карданд, ки хатари экстремизм ва терроризм дар ҳамаи минтақаҳои дунё мавҷуд аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо давлатҳои зиёде ҳамсарҳад буда, аз чунин хатар дур нест. Аз рӯи махлумотҳои мақомотҳои махсус, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ аз назди падару модар дур шуда, ба доми шахсони манфур   ҷалбкунандагони гуруҳҳои ифротӣ афтода, бо мақсади ба даст овардани маблағи “муфт” ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Ҳар яки шумо бояд дар худ ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ пос доштани маданияту маърифати миллии худро тарбия намоед, қавирода бошед ва худро аз ҳама гуна амалҳои номатлуб дур гиред. Вохӯрӣ ва мавзӯи баррасишуда ба донишҷӯён писанд омад.

 

   Ҷ.Қ.Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т.  

 

 

 


29.12.2018 458

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php