Ҷавонони муосир ба зидди терроризм ва ифротгароӣ

Ҷавонони муосир ба зидди терроризм ва ифротгароӣ

      Дар баробари пешравии илму техника, ки ба ҳаёти одамон як қатор беҳбудиҳоро пеш меоварад, инсониятро хатари дигари хусусияти сиёсӣ ва идеологӣ дошта, таҳдид менамояд. Ин зуҳуроти номатлуб асосан худро дар   мафкураи ҷавонон   ба осонӣ ҷой намуда истодааст. Ин ҷараёнҳо хусусияти динӣ ва сиёсӣ дошта, тамоми мардуми оламро таҳдид мекунанд. Ҳадафи асосии онҳо ба сафҳои худ бештар ҷавононро ҷалб намуда, нақшаю ақидаҳои манфури худро амалӣ сохтан мебошад.

     Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ин гуна гуруҳҳои ифротӣ дар нақша- чорабиниҳои тарбиявии факултети тиббӣ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.

   Санаи 19 - уми декабри соли ҷорӣ дар кафедраи Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика дар гурӯҳҳои кураторӣ дарси кушод дар мавзӯи «Терроризм ва эксремизм дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Дар дарс донишҷӯёни курси 1-уми гуруҳҳои 39,40,41,42,43,44,45,46 ва 47-и факултети тиббӣ ва саркураторону кураторҳо иштирок доштанд. Доир ба мавзӯъ аз ҷониби куратори гуруҳи 41 устоди калони кафедра Бурҳонова З.У. ва донишҷӯёни гуруҳ намоиши презентатсия ва маърӯзаҳои пурмазмун пешкаш карда шуд. Дар охир донишҷӯён баромад карда ҷонибдории худро дар хониши хубу аъло ва дурр будан аз чунин гуруҳҳои ифротгаро, дӯст доштани Ватани худ ва ҳифзи он арзёбӣ намуданд.


Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор 

М.Ё Холбегов, мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, д.и.б. 

                                                                          

 


24.12.2018 473

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php