Ҷавонони донишҷӯ бояд дар бунёди ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд

Ҷавонони донишҷӯ бояд дар бунёди ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд

       Тавре, ки ҳамаи мову Шумо иттилоъ дорем, пас аз сафари кории Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва озодии мардуми Бадахшон баъзе чораҳои иловагӣ андешида шуданд.

          Вобаста ба ин, аз надоштани иттилооти саҳеҳ гирди ин масъала дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои гуногун ва беасосу бедалели иғвогарона пайдо шуданд, ки онҳо метавонанд мардуми ноогоҳ хоса ҷавонони ҳанӯз таҷрибаи зиндагӣ надоштаро ба гумроҳи баранд.

        Дар асл, Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияташон баҳри муттаҳидӣ ва сарҷамъ намудани тамоми мардуми Тоҷикистон талош варзида, хушбахтона дар ин ҷодаи хеле муваффақ ҳам гардида, бо талошҳои пайгиронаашон аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори муваффақ ва дурандеш эътроф гаштаанд. Ва маҳз самараи талошҳои роҳбари давлат аст, ки имрӯз мо ба чунин сатҳи баланди зиндагии осоишта расидаем ва албатта, ҳар яки мо аз ин бояд шукргузор бошем. Ин ҷо як ғазали устод Лоиқ ба ёд меояд ки фармуда:

Дар рӯи ҷаҳонему надонем ҷаҳон чист,
Фарзанди замонему надонем замон чист.
То ташна намонем, наҷӯем раҳи об,
То гушна намонем, надонем, ки нон чист...

      Воқеан ҳам давлат сохтан ва барқарор намудани сохти конститутсионии он хеле мушкил буда, монеаҳои зиёдеро ба пеш меорад. Чунки дар рафти азнавсозӣ ва мутобиқгардонии ҷараёни зиндагӣ ба як низом ва чорчубаи муайян шахсоне, ки манфиатҳои хешро аз манфиатҳои ҷамъиятӣ боло мегузоранд, аксараран сади роҳ мешаванд. Ин як раванди табиӣ ҳам ҳаст. Вале, қонунҳои инсонӣ ва диниву дунявӣ ҳаргиз зулму ситам ва маҳрум сохтан аз озодиву зиндагии шахси дигарро аз тарафи шахси дигар раво намедонад. Ба гуфтаи устод Лоҳутӣ:

Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,

Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!

      Тавре аз расонаҳои хабарӣ огаҳӣ дорем, ҳатто то имрӯз, баъзе гуруҳҳои алоҳида дар вилояти Бадахшон аз иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саркашӣ намуда, ба истилоҳ «бо қонуну қоидаҳои худ» зиндагӣ кардан мехоҳанд.

      Дар ҷаҳони имрӯза, ягон кишваре нест, ки барои гурӯҳҳои алоҳида қонуни алоҳидаро иҷозат дода бошад. Агар ин ҳолат рух диҳад, он ҷо бешубҳа бенизомӣ мавқеъ пайджо карда, боси норизогӣ ва нооромии ҷомеа мегардад. Вазъияти давлати ба мо ҳамсояи Афғонистон ба ҳар яки мо маълум аст. Ин ҳама натиҷаи нофармонии гуруҳҳое мебошад, ки ба иҷрои қонуни давлатӣ, ки аз тарафи худи халқ қабул гардидаст, эътибор намедиҳанд.

      Тибқи иттилои расмии органҳои ҳуқуқии кишвар, вазъи ҷинояткорӣ, махсусан дар шаҳри Хоруғ то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад. Дар 9 моҳи соли равон дар вилоят 456 ҷиноят содир шудааст, ки аз он 26 ҷинояти вазнин, 143 ҷинояти марбут ба расонидани зарар ба саломатӣ, зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳукумат, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳу аслиҳа, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, авбошӣ ва роҳзанӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ ва қаллобӣ мебошад.

      Қисмати асосии ин ҷиноятҳо аз ҷониби шахсони муайян ташкил ва анҷом дода шуданд. Аммо бо фиребу найранг, дурӯғи маҳз бо баҳонаҳои гуногун ҷавонони бетаҷриба, ташаккулноёфта ва нав ба воя расидаро дар атрофи худ ҷамъ намуда, ба гумроҳӣ ва амалҳои номатлуб ҷалб сохтанд.

      Шумо, ҷавонони донишҷӯ, ки аллакай, дорои тафаккури солим ва ақли расо ҳастед, боварӣ дорам, ки ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат мерасед ва тамоми нерӯи худро ба инкишофу рушд ва солимгардонии мардуми шарифи Бадахшон равона месозед.

     Дар баробари ин, имрӯз низ мо ба дастгирии Шумо, таъсири идеологии созандаву равшани Шумо ба ҷавонони гумроҳгаштаи Бадахшон кӯмаку ёрии беғаразонаи худро расонида метавонем. Имрӯз ба таври расмӣ 714 ҷавони бадашхонӣ гирифтори нашъмандӣ шуданд. Бадбахтӣ аз ин зиёд намешавад.

       Шумо табибони оянда ва шахсоне, ки ба солимии аҳолии кишвар, аз ҷумла мардуми Бадахшон масъул мебошед, инро аз дигарон дида хубтар бояд ҳис намед. Дар ин росто зарур аст, ки бо иштироки донишҷӯёни фаъоли бадахшон як барномаи махсус таҳия карда шавад. Масъулони амалисозии ин барнома дар давраи таътили зимистона дар ноҳияҳои худ байни ҷавонон ва наврасони деҳаҳои худ семинарҳои омӯзишӣ доир ба «таъсири нашъамандӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим», доир ба дастовардҳои худ ва имкониятҳои ҷойдошаи ҷумҳурӣ барпо намоянд.

       Ҳамчунин, зарур аст, ки шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ як лоиҳаи илмиро оид ба мавзӯи пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавон таҳия намуда, ҷиҳати амалӣ сохтани он беҳтарин олимони соҳаро сафарбар намояд.

      Боварӣ дорам, ки донишҷӯёни азизи мо дар кори ниҳоят бошараф-дурусту мақсаднок фаҳмонидани сиёсати созанда ва сулҳпарваронаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавонон кӯшиш ба кор бурда, дар таъмини сулҳу осоиш ва бунёди ҷомеаи солиму аз одатҳои бад дур саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Гулзода М.Қ., ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор



25.10.2018 639

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php