Ҷавонон ва ҷаҳони муосир
Санаи 30.10.2020 дар хобгоҳи № 7-уми МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» семинарии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонон ва ҷаҳони муосир» доир карда шуд. Дар рафти семинар дар атрофи вазъи печидаи ҷаҳони муосир: хатари ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба амнияти кишварҳои ҷаҳон, оқибатҳои фоҷиабори шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва нақши ҷавонон дар пешгирӣ намудани бемории сироятии каронавируси навъи «COVID-19» табодули афкор карда шуд.
Бо изҳори қаноатмандӣ мудири шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В. қайд намуданд, ки ҷавонони бо нангу номуси тоҷик пайваста дар таваҷҷӯҳи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ин ифтихори баландро мо имрӯз низ дар маросими савгандёдкунии роҳбари давлатамон мушоҳида намудем. Дар суханронии Ҷаноби Олӣ садо додани «Ман ҷавонони даврони истиқлолро бениҳоят дӯст медорам. Онҳо бисёр Ватандӯст мебошанд» бори дигар собит намуд, ки ҷавонони кишвар ҳақиқатан ворисони Муқаннаю Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорони дигар сарсупурдагони миллат буда, минбаъд низ дар ояндаи дурухшони Тоҷикистони маҳбуб саҳм хоҳанд гузошт.
Инчунин дар кори семинар вобаста ба вазъи мушкилии сиёсии давлатҳои Қирғизистон, Белорусия, Озарбойҷону Арманистон низ ишора шуда зикр гардид, ки абарқудратҳо маҳз аз паст будани маърифати сиёсии қишри ҷавон истифода бурда манфиатҳои геопалитикии хешро амалӣ карда истодаанд.
Дар охири кори семинар донишҷӯён ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи тарбия