ҶАВОНОН СОЛИМ-ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ
Бахшида ба рӯзи байналмилалии «Мубориза бар зидди ВНМО» санаи 28.11.2020 бо ибтикори шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо кафедраи Беҳдошт ва экология бо иштироки донишҷӯёни факултети тиббӣ чорабинии тарѓиботӣ доир карда шуд. Дар чорабинӣ корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майори ХНМН (хизмати назорати маводи нашъаовар) Шарифзода Нуриддин Меҳриддин иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки яке аз сабабҳои дучор гардидан ба бемориҳои сироятӣ ва бахусус ВНМО ин истеъмоли маводи нашъаовар мебошад. Гарчанде дар қаламрави кишвар гардиши ин маводи сахттаъсир зери назорат бошад ҳам, мутаасифона интиқоли он аз ҷониби ҳамсоякишвар ҳамасола ба қайд гирифта мешавад.
Баъди маълумоти муфассал донишҷӯён ба корманди агентии зикргардида саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Дар охири чорабинӣ сардори шуъбаи тарбия Абдураҳмонов З.В ба корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Н.М аз номи роҳбарияти донишгоҳ барои иштирок дар чорабинии судманд изҳори сипос намуданд.
Шуъбаи тарбия